Кормандони ҷавони Агентии хизмати давлатӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравии хизматчиёни давлатӣ вобаста ба омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» гузаронида шуд.
Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ „Ховар“ хабар доданд, дар ин машғулият, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда буд, директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов оид ба масъалаи таҳкими саҳми ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ибрози андеша намуд. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке аз масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
«Агар ба таърихи ташаккули ниҳоди хизмати давлатӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол назар андозем, маҷмӯи тадбирҳоеро мебинем, ки ҳамагӣ барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати ҷалб ва иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ нигаронида шудаанд»,-гуфт Ҷ. Давлатов.Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо натиҷагирӣ аз Соли ҷавонон ва дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар назди Агентии хизмати давлатӣ вазифаҳои мушаххас дар робита ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисони ҷавону болаёқат, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо муайян шудаанд ва барои амалӣ онҳо бояд аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода шавад.
Дар машғулияти идоравӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Шарифзода дар мавзӯи «Тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» маърӯза намуд.
Дар охир кормандони ҷавони Агентии хизмати давлатӣ барои интизоми намунавӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ташкилию ҷамъиятӣ бо сипосномаҳои Агентӣ сарфароз гардонида шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






