Кормандони Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе зимни амалиёт тақрибан 50 кг мухаддироти сахттаъсир мусодира карданд

Май 7, 2018 17:25

ДУШАНБЕ, 07.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт як ҳолати интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро пешгирӣ намуда, аз гумонбаршудагон дар ҳаҷми махсусан калон, наздик ба 50 кг воситаҳои нашъадори сахттаъсири навъҳои «Героин» ва «Афюн»-ро мусодира намуданд.

Тавре аз Раёсат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, коркарди ахбороти фаврӣ ва доир намудани амалиёти саривақтӣ имкон дод, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кӯшиши нашъаҷаллобонро монеъ шуда, ба ҳаракатҳои ҷиноии як гурӯҳи нашъаҷаллобон ва паҳнкунандагони маводи мухаддир нуқта гузоранд.

Гумонбарони ин ҳолати ҷиноӣ шаҳрванд Шоиков Шодӣ Занҷирбекович, соли таваллудаш 1983 ва Ёрбеков Артур Ёдгорович, соли таваллудаш 1995, донишҷӯи соли 5-уми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, ҳарду зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо амалӣ намудани нақшаи ҷиноӣ миқдори калони воситаҳои сахттаъсири нашъадорро ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид намудаанд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуданд.

Зимни азназаргузаронии дохили қуттиҳои мусодирашуда 47 адад бастаҳои селофании ранги зардчатобдошта ошкор ва мусодира карда шуд. Ташхис муайян намуд, ки вазни умумии маводҳои мусодирашуда 47 килограмму 690 грам буда, миқдори махсусан калони он, аз ҷумла 45 килограмми онро воситаи сахттаъсири навъи «Героин» ва наздик ба 3 килограмми онро воситаи нашъадори навъи «Афюн» ташкил медиҳад.

Май 7, 2018 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад