«Корвони саломатӣ» ба сокинони шаҳри Бохтар хизмати тиббии ройгон расонд

Май 14, 2018 15:27

ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва пешгирии онҳо  аз гирифторшавӣ ба  маризиву бемориҳои мухталиф  «Корвони саломатӣ»-и  навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бохтари  вилояти Хатлон сафарбар гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба чорабинии мазкур беш аз  100 нафар мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, аз ҷумла намояндагони Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ва дигар шахсони масъул ҷалб гардиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти чорабинӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар сокинони шаҳри Бохтар аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархӯрдор гардиданд. Аз ҷумла, 169 нафар аз ташхиси ВНМО,  543 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 205 нафар аз ташхиси флюриографӣ гузаштанд. Инчунин 110 кӯдак хатна ва 10 нафари дигар ҷарроҳии чашм карда шуданд.

Ҳамзамон ба шахсони маъюб аробачаи маъюбӣ ва асобағал (асо барои нобиноён) тақдим гардид.

Май 14, 2018 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад