Кумитаи ҳолатҳои фавқулода соҳиби таҷҳизоти нави ҷустуҷӯӣ – наҷотдиҳӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти ҷустуҷӯӣ – наҷотдиҳӣ ва техникаи вазнин, ки иборат аз 6 трактору булдозер, 18 заврақ ва чанд ҳавопаймову чархболҳои бе сарнишин аст, гардид.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки таҷҳизоти мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор ба омодагӣ ва эътинод» дастрас гардид. Ин лоиҳа моҳи августи соли 2016 байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, дар доираи Фонди Трастовии Барномаи рушди СММ имзо гардид. Қисмати дигари таҷҳизоти мазкур дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Созмони байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ, Раёсати комиссари олии СММ оид ба гурезагон ва Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд дастрас гардидааст.
Дар маросими тақдими таҷҳизот раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Хаҷимэ Китаока, роҳбари Барномаи рушди СММ Пратибха Мехта ва намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Р.Назарзода ба шарикон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки техникаи мазкур барои наҷоти одамон ва осон намудани кори наҷотдиҳандагон мусоидат менамояд.








24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






