Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Ҳушдории мақомотро набояд сарфи назар кард»

Май 28, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ   сокинон ва меҳмонони   мамлакатро  огоҳ менамояд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, боридани боронҳои шадид ва жола дар назар аст.  Дар натиҷаи ин боришот  сатҳи оби рӯдхонаҳо баланд гашта, эҳтимоли омадани сел дар  минтақаҳои наздик ба дарёҳо мавҷуд аст. Дар ин бора  сухангӯи  Кумитаи  мазкур Умеда Юсуфӣ  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Номбурда таъкид намуд, ки шаҳрвандону меҳмонони  ҷумҳурӣ  набояд  ҳушдори мақомотро сарфи назар  карда, ҷони худро дар хатар гузоранд.

«Онҳо  бояд  дар ин рӯз  аз моҳидориву оббозӣ дар дарёҳову кӯлҳо худдорӣ намоянд. Ҳамчунин ба кӯҳҳо рафтан ва ҷамъоварии занбӯруғу дигар рустаниҳо, чаронидани чорво дар саҳро ва доманакӯҳҳо хатарнок аст», — афзуд У.Юсуфӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи боронгариҳои шадиди моҳи май ва омадани сел дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ чандин манзилҳои зист, заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишт зери обу лой  монданд.  Бар асари ин офатҳои табиӣ  дар ҷумҳурӣ 7 нафар, аз ҷумла,  5 кӯдак ҷони худро аз даст доданд.

Айни замон Комиссияе, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ташкил шудааст,  зарарҳои аз ин офатҳои табиӣ расидаро  ҳисоб мекунад.

Май 28, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад