Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ миёни аҳолӣ, мақомоти маҳалҳо ва қисмҳои ҳарбӣ тадбирҳои омӯзишӣ – фаҳмондадиҳӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Истаравшан, Турсунзода ва Кӯлоб миёни аҳолӣ, мақомоти маҳалҳо ва қисмҳои ҳарбӣ корҳои омӯзишӣ — фаҳмондадиҳӣ доир намуд, ки дар он мутахассисони Кумита ба ширкаткунандагон роҷеъ ба қоидаҳои бехатарӣ ва рафтор дар ҳолатҳои фавқулода маълумот доданд.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки чорабиниҳои мазкур дар асоси супориши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тартибдодашуда ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ, тарзу усулҳои истифодаи таҷҳизоти нави наҷотдиҳӣ, тамрини ҳолатҳои эҳтимолие, ки бар асари офатҳои табиӣ ба минтақа зарар мерасонанд, интиқоли одамон аз макони хавф ба макони амн ва риояи қоидаҳои оббозӣ баргузор гардиданд.
Дар шаҳри Истаравшан тамрини санҷиши ҳолати омодагии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизоми ҳудуди Низоми ягонаи шаҳр ҳангоми баамалоии заминларза» доир карда шуд, ки дар он бештар аз 1000 нафар ширкат карданд.
Дар шаҳри Кӯлоб дар қисми ҳарбии Қўшунҳои сарҳадии КДАМ, қисми ҳарбии КҲФ дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ба афсарон ва сарбозон лавозимоту таҷҳизоти ҳозиразамон ва нақлиёти махсуси наҷотро намоиш дода, ба ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ оид ба расонидани ёрии аввалин ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дастурҳо дод.
Дар шаҳри Турсунзода ба сокинони Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият», деҳаҳои Бахтовар ва Шарқ, Ҷамоати деҳоти «Работ», деҳаҳои Ширкент, Деҳвак, Қипчоқ ва Бешкаппа, ки минтақаҳои осебпазири селу обхезӣ ва ярч ҳисобида мешаванд, дар хусуси тартиби амал намудани аҳолӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар мавсими оббозӣ маълумот дода шуд.
Баргузории корҳои омӯзишӣ-фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, мақомоти маҳалҳо ва қисмҳои ҳарбӣ дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






