Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Офатҳои табиии рӯзҳои охир қурбоние дар пай надоштанд»

Май 17, 2018 09:24

ДУШАНБЕ, 17.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои охир дар баъзе аз манотиқи кишвар сел омада, заминҳои кишт ва наздиҳавлигиро хароб кардааст. Дар манотиқи кӯҳӣ резиши санг ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа қитъае аз роҳҳо баста ва ҳаракати нақлиёт қатъ гардидааст.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар қаламрави шаҳри Панҷакент сел 2 гектар замини кишт, дар деҳаи Рӯзиобнок 800 метр роҳ ва 10 хоҷагии наздиҳавлигиро хароб кардааст. Резиши санг  250 метр роҳро дар километри 51-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент бастааст. Айни замон ин қитъа аз сангрезаҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо барқарор шудааст. Дар шаҳри Конибодом бар асари омадани сел 15 қитъаи наздиҳавлигии сокинон қисман хароб шудааст. Дар деҳаҳои Чорбоғ, Пахтадашт, Иттифоқ ва ҷамоати деҳаи Машъали ноҳияи Вахш сел ба 6 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонидааст.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо фаъолият карда истодаанд.

 

Май 17, 2018 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад