Мақомоти олии назорати молиявии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд

Май 1, 2018 17:39

ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар/. Интизор меравад, ки дар оянда байни мақомоти олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Созишномаи ҳамкорӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад. Матлаби мазкур дар мулоқоти сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода бо Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон Улукбек Марипов дар Бишкек матраҳ гардид.

Тавре аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрии сараудитори Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ бо Раиси Палатаи ҳисоби Қирғизистон зимни  сафари омӯзишии як гурӯҳи кормандони Палатаи ҳисоби мамлакат ба Қирғизистон сурат гирифт. Зимни мулоқот Раиси  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон  Улукбек Марипов изҳор дошт, ки мақоми олии аудити Ҷумҳурии Қирғизистон омодаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он метавонад  дар рушди соҳа ва тақвияти касбии кормандони мақомоти олии назорати молиявии ҳарду кишвар мусоидат намояд. Ҳамзамон Улукбек Марипов роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вохӯрии Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи июли соли равон дар Бишкек доир мегардад, даъват намуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни сафар ба Қирғизистон гурӯҳи кормандони Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машғулиятҳои омӯзишӣ, ки дар мавзӯъҳои баҳодиҳии натиҷаҳои иҷроиши барномаҳои давлатӣ, баҳодиҳии натиҷаҳои иҷроиши босамар ва татбиқи Лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аудити бахши давлатӣ, робитаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон бо дигар мақомот дар самти аудити давлатӣ, идоракунии манбаи инсонии мақоми олии аудит, марҳалаҳои рушди методологияи аудит, аудити ҳисоботҳои молиявӣ, аудити мутобиқат ва самаранокӣ гузаронида шуд, иштирок намуданд.

Инчунин, ҳайати кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  зерсохтори минтақавии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилоятҳои Чуйю Талас, Иссиқкулу Норин дидан намуданд.
Ҳадафи сафари гурӯҳи кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ ба Қирғизистон омӯзиши таҷрибаи мақомоти олии аудити Қирғизистон арзёбӣ мегардад.

 

Май 1, 2018 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад