Мардуми тоҷику қирғиз минбаъд низ дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагонӣ мекунанд

Май 16, 2018 08:29

ДУШАНБЕ, 16.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми тоҷику қирғиз тӯли қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагӣ кардаанд ва минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагон идома  меёбад. Ин суханон зимни мизи мудавваре, ки дар маҷмааи фарҳангии «Ориён»-и шаҳри Исфара бо иштироки роҳбарияти шаҳри Исфара ва ноҳияи Боткон, раисони ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадӣ, сарварони муассисаҳои хизматрасонӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, масъулини шуъбаҳои кор бо занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир гардид, гуфта шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар рафти мизи мудаввар раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ва ҳокими ноҳияи Боткон Кенеш Салихов зикр намуданд, ки бо ташаббусу кӯшишҳои муштараки роҳбарияти олии мамлакатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков муносибатҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шудаанд.

Ширкатдорони мизи мудаввар масъалаҳои иҷтимоии маҳалҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд ҳама гуна масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилоти бавуҷудомада бояд танҳо бо роҳи гуфтушуниду ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гарданд.

Ҳар ду ҷониб бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро ҳамчунин барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти дастрасии сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ баён намуда, таъсиси гурӯҳҳои ҳамдастии бонувон ва маҳфили «Ҳамсоягони нек»-ро омили муассир дар самти таҳкими ҳамкорӣ, фазои эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 13 майи соли равон як гурӯҳи зиёда аз 40 нафараи меҳмонон аз ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти сарварии ҳокими ноҳияи Боткон Кенеш Салихов ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Май 16, 2018 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст