Маркази миллии тестии Тоҷикистон: 32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб гардиданд

Май 22, 2018 10:58

ДУШАНБЕ, 22.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  омодагӣ ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатӣ доир кард.

Тавре аз  Маркази  матбуоти Маркази мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, чунин семинар-машваратҳо дар шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хуҷанд ва  Кӯлоб баргузор гардиданд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинар-машварати омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намуда, пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод кард. Аз байни онҳо 32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб ва ба кори муваққатӣ дар марказ ҷалб гардиданд.

 

Май 22, 2018 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад