Минбаъд муҳоҷирони меҳнатӣ — аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҷониби иттифоқҳои касабаи давлати қабулкунанда таҳти ҳимоя қарор мегиранд

Май 1, 2018 17:20

ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд муҳоҷирони меҳнатӣ — аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҷониби иттифоқҳои касабаи давлати қабулкунанда ба қайд гирифта шуда, пас аз оғози фаъолияти меҳнатӣ таҳти ҳимоя қарор дода мешаванд.

Дар ин бора дар Рӯзи якдилии меҳнаткашон муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуда, гуфт, ки барои танзим кардани муносибатҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ — аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои қабулкунандаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Беларус ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуданд.

Номбурда ин иқдомро дар таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ба имзо расид ва дар он  таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дақиқ таҷассум ёфтааст.

Қабули Созишномаи генералии нав барои солҳои 2018-2020 бори дигар собит менамояд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони ҷумҳурӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд гаштани музди меҳнати кормандон ва рушди босуботи соҳаи иқтисодӣ — иҷтимоии аҳолӣ доимо дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат қарор дошта, баҳри татбиқи ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев зикр кард, ки заминаи ҳуқуқии таҳияи Созишномаи генералӣ  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, роҳнамои фаъолияти шарикии иҷтимоӣ хоҳад шуд.

Умедворем, ки дар се соли оянда ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳим шарикии иҷтимоиро тақвият дода, назорати ҷамъиятиро  дар самти татбиқи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда, меҳнати арзанда, кам бартараф намудани қарздории музди меҳнат ва татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии аҳли заҳмат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи корфармоён фаъолият мебаранд.

       Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ “Ховар”

Май 1, 2018 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад