Муҳокимаи рисолаҳои илмӣ дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 5, 2018 12:20

ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ баргузор гардид, ки зимни он бори аввал ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сурат гирифт.

Тавре котиби илмии Шӯрои диссертатсионӣ Малика Саидмуродова ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур унвонҷӯи факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зебо Ғаффорова дар мавзӯи «Самаранокии истифодаи комплексии захираҳои обию энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва унвонҷӯи кафедраи назарияи иқтисодии факултети молиявию иқтисоди ДМТ Фазлиддин Икромов дар мавзӯи «Асосҳои институтсионалии рушди бозори коғазҳои қимматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаҳои номзадӣ барои ҳимоя пешниҳод намуданд.

Баъд аз баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳои пешбаришуда аъзои Шӯрои диссертатсионӣ қарор қабул карданд, ки диссертатсияҳои унвонҷӯён З. Ғаффорова ва Ф. Икромов мутобиқ ба талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, ба унвонҷӯён унвони номзади илмҳои иқтисодӣ дода шавад.

Хотиррасон мешавем, ки бо ташаббус ва дастгирии  Президенти мамлакат,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионӣ идомаи мантиқии давлатсозии миллӣ буда, ҷиҳати рушди минбаъдаи самтҳои гуногуни илм дар ҷумҳурӣ ва тарбияи олимони ҷавон мусоидат мекунад.

Май 5, 2018 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад