Мулоқотҳои дуҷонибаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин

Май 22, 2018 15:50

ДУШАНБЕ,22.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 майи соли 2018 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи иштирок дар Вохӯрии сенздаҳуми Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқоти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Чжао Кэчжи доир гардид.

Тавре ба АМИТ  «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муҳимияти тадбиқи мувофиқаҳои миёни сарони ҳарду давлат бадастомада ва санадҳои дар соҳаи амният баимзорасидаро ёдовар шуда, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ҳарду кишвар дар самти таъмини амният ва субот, аз ҷумла, масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро муҳокима намуданд. Ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла, вазъият дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо талошҳо ва саҳми давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон ва Чинро дар ташаккулёбӣ ва рушди Созмони мазкур қайд карда, аз он изҳори ҳамфикрӣ намуданд, ки ин Вохӯрии Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ барои омода намудани Ҳамоиши СҲШ дар шаҳри Чиндао марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҳамчунин бо Мушовир оид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Насер Хан Ҷанҷуа вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ мавзӯъҳои рӯзмараи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда, таҳким ва тавсеаи минбаъдаи онҳоро таъкид карданд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки якуми Покистонро дар Вохӯрии Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ хуш пазируфта, оид ба ҳамкории минбаъдаи мутақобилан муфид дар доираи ин Созмон изҳори боварӣ дорад.

 

Май 22, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад