Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо директори генералии Департаменти кишварҳои Шарқ ва Осиёи Марказии JICA

Май 23, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ директори генералии  Департаменти кишварҳои Шарқ ва Осиёи Марказии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Коҷи Фуҷияро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи дурнамои ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба сафари дарпешистодаи Президенти JICA ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Май 23, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад