Намояндагони Донишгоҳи давлатии Беларус бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Душанбе вохурӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» намояндагони Донишгоҳи давлатии Беларус бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва волидони онҳо вохурӣ намуданд.
Аз муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз ин чорабинӣ шиносоии хатмкунандагон бо факултаҳои Донишгоҳи давлатии Беларус, самтҳои афзалиятноки таълим дар ин кишвар ва ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Беларус дар соҳаи илму маориф мебошад.
Дар вохӯрӣ Жанна Савелева, мудири шуъбаи кор бо донишҷӯён ва Вячеслав Молофеев, декани факултаи маълумоти тодонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Беларус иштирокдоронро бо факултаҳои донишгоҳ шинос намуда, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Беларус яке аз муассисаҳои беҳтарини таълимии Беларус ба шумор рафта, аз 26 факулта иборат мебошад. Ҳоло дар ин донишгоҳ 30 ҳазор нафар донишҷӯён аз 40 мамлакати дунё таҳсил мекунанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






