Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар мулоқоти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ раисӣ кард

Май 19, 2018 15:08

ДУШАНБЕ, 19.05.2018./АМИТ «Ховар»/. 18 майи 2018 таҳти раисии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ҳамчун Муовини Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) мулоқоти махсуси ECOSOC таҳти унвони «Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андоз» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд.

Вохӯрии мазкур ҳар сол бо мақсади баррасии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар масоили андоз, аз ҷумла саҳми он барои ҷалби захираҳои молиявии дохилӣ барои соҳаи рушд доир карда мешавад. Ҷаласаи махсуси имсола имконияти муҳиммеро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зуҳуркунандаи сиёсати андоз ва идоракунии марбут ба рақамисозии иқтисодиёт фароҳам хоҳад овард.

Май 19, 2018 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд