Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми III ҷавонони донишгоҳҳои давлатҳои СҲШ – 2018 иштирок намуд

Май 30, 2018 13:47

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии шаҳри Белгороди Федератсияи Россия нахустин Форуми III ҷавонони донишгоҳҳои давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай – 2018 баргузор гардид, ки дар он мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Алишер Қурбоналиев иштирок намуд.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар форум масъалаҳои марбут ба самти таълим – ташкили курсҳои онлайн оид ба соҳибкории байналмилалӣ, соҳибкори инноватсионӣ ва ҷойгир намудани онҳо дар портали махсус,  коркарди барномаҳои таълимии нав ва иловагӣ дар самти тиҷорат,  барномаҳои муштараки магистрӣ ва барномаҳои таълимӣ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо соҳиб шудани ду диплом; дар самти илм ва инноватсия масъалаҳои  андешидани тадбирҳо оид ба зиёд намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар фазои давлатҳои СҲШ, ташкили марказҳои илмӣ-тадқиқотии байналмилалӣ оид ба ҳалли лоиҳаҳои илмӣ барои СҲШ, ташкили корхонаҳои муштараки хурди илмӣ, бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалии ҷавонон бизнес-инкубаторҳо ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар коркарди лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ; дар самти гуманитарӣ-дар фазои донишгоҳҳои СҲШ ташкили ҷамъияти донишҷўён, марказҳои муносибатҳои байналмилалӣ, созмонҳои волонтёрӣ, мусоидат намудан дар тадбиқи лоиҳаҳое, ки барои шиносоии муҳассилин бо фарҳанги халқҳои давлатҳои СҲШ пешбинӣ шудааст, баррасӣ гардиданд.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони ҷамъиятҳои ҷавонони СҲШ, Россия, ҷамъияти донишҷўёни умумироссиягӣ, президенти ассотсиатсияи донишҷўёни бизнес-инкубаторҳои Россия, директори Маркази барномаҳои байналмилалии ҷамъияти ҷавонони Россия ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию тиҷоратӣ иштирок намуданд.

Май 30, 2018 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд