Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Риёз

Май 31, 2018 08:25

ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  30 майи соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар шаҳри Риёз доир ба  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, брифинги матбуотӣ орост.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, таваҷҷуҳи зиёд ба таърих ва таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон, талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу осоиш ва ҳамчунин ба усулҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ ва тарғиби исломи муътадилу таҳаммулпазир зоҳир гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, истифодаи босамари захираҳои фаровони обии кишвар ба  ҳозирин маълумоти ҷолиб пешниҳод гардид. Зимнан иттилоъ дода шуд, ки 20-22 июни соли 2018 Тоҷикистон мизбони Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 хоҳад буд.

Масоили вобаста ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорию сайёҳӣ, аз ҷумла, роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими брифинг буд.

 

Май 31, 2018 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст