«Низоми бонкӣ: вазъи воқеӣ ва дурнамо», — рӯнамоӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Май 1, 2018 15:31

ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар доираи семинари илмӣ-амалӣ барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти унвони «Низоми бонкӣ: вазъи воқеӣ ва дурнамо» рӯнамоӣ (презентатсия) пешниҳод гардид.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд,  мавзӯи мазкурро муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муфассал шарҳ дода, оид ба мақсади асосии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби БМТ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, сатҳи таваррум ва меъёри бозтамвил, намояи қурби номиналӣ ва воқеии асъор, фаъолнокии фишангҳои нави амалиётии монетарӣ ва раванди татбиқи сиёсати монетарӣ барои иштирокдорон маълумот манзур намуд.

Инчунин Ҷ. Нуралиев таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба «Стратегияи сиёсати монетарӣ ва асъорӣ барои солҳои 2016-2020» дар реҷаи гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, фаъолияти Кумитаи сиёсати монетарӣ ва салоҳияти қабули қарорҳо аз ҷониби он, таъмини шаффофият дар амалиёти монетарӣ, автоматикунонии низоми ҳисоботи оморӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди низоми бонкии мамлакат ҷалб намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар фароварди рӯнамоии худ аз донишҷӯёни Донишгоҳ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз манбаъҳои захиравии Донишгоҳ, устодони ботаҷриба, шароити муосири фароҳамшуда ва фазои ҳукмфармои сулҳу субот дар мамлакат, донишу малакаи худро тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ такмил дода, оянда дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳмгузор бошанд.

Ҳамчунин  аз ҷониби муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  бобати нуктаҳои калидӣ дар татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ, аз ҷумла дурнамои низоми бонкӣ бо дарназардошти рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ба кулли такмил додани идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, таҳким бахшидани сиёсати пешгирии хавфҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, ба роҳ мондани фарҳанги дурусти қарздиҳӣ ва риояи касбият, таъмини шаффофият дар пешниҳоди маълумот ва ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳодҳо карда шуд.

Май 1, 2018 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад