Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Ён У мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) Квон Ён У мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот масоили мубрами густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Корея баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати фаъол намудани робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ байни ду кишвари дӯст изҳор намуданд. Дар ин росто аҳамияти баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои дуҷониба, таҳкими робитаҳо дар доираи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






