Нокомии Саидҷалол Саидов дар Гран-прии дзюдо дар Чин

Май 28, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи   тоҷик Саидҷалол Саидов, ки дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо ширкат дошт, ба нокомӣ рӯ ба рӯ гардид.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар  доданд,    мусобиқаи мазкур рӯзҳои 25-27-уми дар шаҳри Ҳоҳҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин  баргузор гардида,   Саидҷалол Саидов   дар вазни то 100 кг бо варзишгари  амрикоӣ Л.А. Смит  вориди майдони рақобат шуд. Сабқат байни онҳо  муддати 5 дақиқаву 12  сония  идома ёфта,  ба  фоидаи варзишгари амрикоӣ  анҷом ёфт. Мағлубият  Саидҷалолро аз идомаи иштирок дар ин мусобиқа  маҳрум кард.

Хотиррасон менамоем, ки ин аввалин мусобиқаи литсензионист, ки варзишгарон барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 имтиёз ба даст меоранд. Барои  ба даст овардани медали тиллоии мусобиқа ба ғолиб 700, барои медали нуқра 490  ва барои медали биринҷӣ 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур 381 нафар варзишгарон (213 мард, 168 зан) аз 49 давлати дунё ширкат варзиданд.

Май 28, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад