ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд

Май 11, 2018 08:17

ДУШАНБЕ, 11.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.

Имрӯз, 11 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, танҳо охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат, ба амал омадани раъду барқ ва чангу ғубор дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9  ва дар баъзе ноҳияҳо то 22-27 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +33 +38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +8 +13 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, шамол аз самт шарқ то 13-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +35 +40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +13 +18 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +35 +37 дараҷа ва шабона +16 +18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

 

Май 11, 2018 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад