ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорат ба 39 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 10.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳарорат то 39 дараҷа гармӣ мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Имрӯз, 10 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +22 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +9 +14 ва рӯзона +21 +26 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, шамол аз самт шарқ то 13-18 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат шабона +9 +14 ва рӯзона +34 +39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +10 +15 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +32 +34 дараҷа ва шабона +13 +15 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






