ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, боридани борону жола дар назар аст
ДУШАНБЕ, 01.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, тӯли чанд рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои кӯҳӣ боридани боронҳои пуршиддат ва баъзан жола дар назар аст. Пастшавии ҳарорат то +8 +10 дараҷа дар водиҳо пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.
Имрӯз, 1 май дар вилояти Суғд ҳаво абрии боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +15 +20 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои боронӣ пешгӯи гардида, боридани жола ва ба амал омадани раъд барқ дар назар аст. Ҳаво шабона +10 +15 ва рӯзона +15 +20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Эҳтимолан дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона +18 +20 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво +11 +13 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






