ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст

Май 24, 2018 08:08

ДУШАНБЕ, 24.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол то 15 метр дар як сония  мерасад.

Имрӯз, 24 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +18 +23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.

Май 24, 2018 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад