ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ гармӣ ба 32 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 23.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо гармии ҳаво то 32 дараҷа мерасад.
Имрӯз, 23 май дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +27 +32 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба амал омадани раъду барқ, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боридани борони кутоҳмуддат вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +25 +27 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






