ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои офтобӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27 — 28 май дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусод гашта, пастшавии ҳарорат рӯзона то 6-8 дараҷа дар назар аст. Вазиши сахти шамол дар Вилояти Хатлон то 20-25 метр дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд.
Имрӯз, 26 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +30 +35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +20 +25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 10+15 ва рӯзона ба 26+31 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +29 +31 дараҷа ва шабона +12+14 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






