«ОБУ ОТАШ». Дар Душанбе спектакл аз рӯи асари ҳамноми нависанда ва драматурги тоҷик Мансур Суруш такроран ба саҳна гузошта шуд

Май 7, 2018 14:58

ДУШАНБЕ, 07.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо дархости Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон спектакли «Обу оташ» аз рӯи асари ҳамноми нависанда ва драматурги тоҷик Мансур Суруш, ки нахустнамоиши он ҳанӯз моҳи феврал баргузор гардида буд, 5 май дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ такроран ба  намоиш гузошта шуд.

Қабл аз оғози намоиш мудири қисми адабии театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир, ки баъд дар нақши яке аз қаҳрамонҳо рӯи саҳна омад, сухан гуфт. Ӯ ёдовар шуд, ки рӯзе пеш Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд анҷом ёфт, ки дар он Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд ва дар фарҷоми ин чорабинӣ Эъломияи Душанбе қабул гардида, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси муттаҳид сохтани неруҳо алайҳи терроризм ва экстремизм даъват ба амал оварда шуд. Ин даъват ба ғояи спектакл ҳамоҳанг аст.

Дар спектакл чунин масъалаҳои ҷаҳони муосир ба монанди таҳаммулпазирӣ, аксуламал ба терроризм ва экстремизм, роҳандозии арзишҳои динӣ якҷо бо арзишҳои дунявӣ, умумибашарӣ дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ, одамдӯстӣ, эҳтироми инсон новобаста ба мансубияти ӯ ба дину мазҳаб ва миллату нажод бардошта шудаанд.

Нақшҳои асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Муҳаммадҷон Шодиев, Асалбек Назриев, Сония Наврӯзова ва дигарон хеле муассир ва боварибахш офариданд. Рассом Нина Панова буда, дар ороиши мусиқавӣ Далер Назаров саҳм дорад.

Бояд гуфт, ки аксарияти тамошобинонро намояндагони аҳли дин, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ташкил медоданд.

Май 7, 2018 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад