Олег Иванов, Сафири Беларус дар Тоҷикистон: «Беларус ва Тоҷикистон ният доранд, ки муносиботи эътимотбахшро ба амалия табдил диҳанд»

Май 13, 2018 09:58

ДУШАНБЕ, 13.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 14-16 майи соли 2018 Президенти  Ҷумҳурии Беларус  Александр  Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар робита ба ин сафар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов доир ба таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф миёни  Тоҷикистону Беларус ва интизориҳо аз ин сафар дар мусоҳибае бо мухбири Агентии иттилоотии Беларус «БЕЛТА» ибрози андеша намудааст. Ӯ дар ин мусоҳиба, аз ҷумла, зикр менамояд, ки «мо аз ин сафар интизор дорем, ки муносибатҳои эътимотбахши байни президентҳоро дар амал татбиқ намоем».

Олег Инванов инчунин дар бораи муносибатҳои тиҷоратии миёни ду кишвар муфассал андешаронӣ намуда, зикр мекунад, ки соли гузашта гардиши мол миёни Баларус ва Тоҷикистон 42,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 ду баробар зиёд аст.

Матни пурраи мусоҳиба бо забони русӣ дар ин ҷо дастрас аст: http://khovar.tj/rus/2018/05/oleg-ivanov-posol-belarusi-v-tadzhikistane-belarus-i-tadzhikistan-namereny-konvertirovat-doveritelnye-otnosheniya-v-prakticheskie-dela/

Май 13, 2018 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад