Омӯзгорони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мусобиқаи шоҳмот ғолибият ба даст оварданд
ВАҲДАТ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» миёни омӯзгорони муассисаҳои миёнаи касбии шаҳр мусобиқаи варзишӣ дар намуди шоҳмот доир намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори минтақавии «АМИТ Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, омӯзгорони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бартарӣ нишон дода, сазовори ҷои аввали мусобиқаи мазкур гардиданд.
Раиси ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода зимни баромади хеш зикр намуд, ки имрӯз ҷомеаи муосирро яке аз мушкилиҳои асосӣ тероризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо фаро гирифтааст. Мубориза бо тероризм ва экстремизм ин фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ дар пешорӯи ин хатар мебошад. Ба ин васила Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат барои аз байн бурдани ин гуна хатарҳои глобалӣ ҷавононро ба муттаҳидӣ, дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба аразишҳои миллӣ, боварӣ ва эътимод ба ояндаи пурсаодат даъват намуда, мусобиқаҳои варзиширо миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа роҳандозӣ менамояд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






