Омадани сел дар манотиқи Тоҷикистон дар пайи боришоти зиёд
ДУШАНБЕ, 22.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайи боришоти зиёд ва омадани сел дар ноҳияи Фархор як сокини 25-сола ба ҳалокат расида, заминҳои кишту наздиҳавлигии сокинон зери об ва лой монданд.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои Умеда Юсуфӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, гурӯҳи мазкур алҳол дар ноҳияи Фархор қарор дорад. Ҳамчунин барои анҷоми корҳои бартарафсозии офати табиӣ ба деҳаи офатзада сарбозони қисми ҳарбии КҲФ дар вилояти Хатлон сафарбар шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти зиёди борони рӯзҳои охир чанд тан аз сокинони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид то 24-уми май идома меёбад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар боришоти зиёди борон, номусоидии ҳаво ва хатари омадани селу резиши сангпораҳо аз сокинони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба мавзеъҳои хатарнок, аз ҷумла, лаби дарёҳо ва кӯҳҳо худдорӣ намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






