ҶОМИ КФО-2018: имрӯз «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин дидор имрӯз, 1 май дар шаҳри Балканободи Ашхободи Туркманистон соати 18:00 баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон 7 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Аз рӯи натиҷаҳои 4 давр дастаи футболи «Истиқлол» бо 10 имтиёз садрнишини гурӯҳи «D» мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






