ОВЕРДРАФТ. Чунин ном дорад хизматрасонии нав, ки «Бонки Эсхата» ба мизоҷонаш пешниҳод менамояд

Май 23, 2018 16:09

ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. ҶСК «Бонки Эсхата» ба мизоҷони худ хизматрасонии овердрафти кортҳои пардохти «Эсхата Экспресс»-ро пешниҳод менамояд. 

 Тавре ба АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, овердрафт (англ.:  «overdraft») – яке аз шаклҳои  қарзи кутоҳмуддатест, ки ба мизоҷон аз рӯи бақияи маблағи дар ҳисоби бонкиашон мавҷудбуда дода мешавад.   Ҷараёни хизматрасонии овердрафти кортҳои пардохтии «Эстаха Экспресс» кӯтоҳмуддат буда, ба муҳлати 60 рӯз пешбинӣ мегардад. Пайвастшавӣ ба овердрафти «Эсхата Экспресс» осон аст – ин кор муҳлати зиёд ва таъминоти гарав талаб намекунад.

Инчунин, меъёри овердрафт 500 сомонӣ муқаррар гардида, нафароне, ки аз бонк қарз гирифтаанд, имконияти дастрас намудани корт бо меъёри овердрафташ то 3000 сомониро пайдо хоҳанд кард.

Аз хизматрасонии «Эсхата Экспресс» мизоҷони қарзӣ, ки дар бонк қарзи ҷорӣ доранд, амонатгузорон, гирандагони интиқоли пул истифода бурд метавонанд.

Май 23, 2018 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад