Паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов дар Гран Прии Ҳоҳҳот ширкат мекунад

Май 25, 2018 09:57

ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 25 — 27 май дар шаҳри Ҳоҳҳоти Ҷумҳурии Мардуми Чин мусобиқаи Гран При оид ба дзюдо доир  мешавад.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро як нафар – паҳлавони шинохта Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кило намояндагӣ мекунад.

Бояд  зикр кард, ки паҳлавонони маъруфи тоҷик  Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯз Хоҷазода бо сабаби лат бардоштан дар ҷамъомадҳои машқӣ натавонистанд ба Ҷумҳурии Мардуми Чин сафар кунанд.

Хотиррасон менамоем,ки   мусобиқаи Гран При оид ба дзюдо  дар  Ҳоҳҳот аввалин мусобиқаи литсензионӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад.  Дар мусобиқаи мазкур  иштироки 381 варзишгар (213 мард, 168 зан) аз 49 давлати дунё дар назар назар аст.

Май 25, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад