Паҳлавонони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё-2018 ширкат мекунанд

Май 8, 2018 10:56

ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10-13 майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Осиё оид ба гуштини  тарзи озод ва юнонӣ-римӣ  миёни наврасон доир мегардад.      

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ҷиҳати иштирок дар чемпионати мазкур дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ҳайати калон ширкат мекунад.

«Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро дар намуди гуштини юнонӣ-римӣ Аслам Азизов дар  вазни 48 кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 51 кг, Давлаталӣ Файзов дар вазни 55 кг, Алиҷон Ҷӯраев дар вазни 60 кг, Шаҳрзод Очилов дар вазни 65 кг ва Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни 71 кг таҳти роҳбарии сармураббӣ Олим Аланазаров намояндагӣ хоҳанд кард», — омадааст дар хабари Федератсияи дзюдо.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар намуди гуштини тарзи озод, ки 12 май шурӯъ мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар —  Шаҳбоз Саидов дар  вазни 48 кг, Расулҷон Иноятов дар  вазни 51 кг, Ҷамшед Қодиров дар  вазни  55 кг, Мустафо Аҳмадов дар  вазни  60 кг, Хайрулло Кулулов дар  вазни  65 кг, Саидасан Ашрафхонов дар  вазни  71 кг, Абубакр Шукуров дар  вазни  80 кг, Исмоил Раҷабов дар  вазни  92 кг ва Раҳмонҷон Маҳмадбеков дар  вазни  110 кг таҳти роҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов намояндагӣ менамоянд.

 

 

Май 8, 2018 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд