Падамжа Ханделвал, роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон, НБО «Роғун»-ро иншооти бузурги стратегӣ арзёбӣ намуд

Май 15, 2018 10:03

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ таҳти сарварии Падамжа Ханделвал, ки роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон мебошад, бо ҳамроҳии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонии иншооти бузурги стратегӣ аз ҶСК «НБО Роғун» дидан кард. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни сафар Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳайати намояндагии ХБА оид ба Неругоҳи барқии обии «Роғун», аҳамият ва нақши он дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва мавқеи он барои минтақаи Осиёи Марказӣ, зарурати ҷалби сармоягузорӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои рушд маълумот дод.

Инчунин   муовини директори ҶСК «НБО Роғун» Маҳмадсаид Шамсуллозода дар бораи таҳияи лоиҳаи ин иншоот, хусусиятҳои техникӣ, гидроэнергетикӣ ва аз ҷиҳати техникӣ, сейсмикӣ устувор будани он маълумоти муфассал манзур намуд.

Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон  Падамжа Ханделвал баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмонии НБО «Роғун» онро иншооти хеле бузург ва стратегӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон кори ниҳоят бузургро азм кардааст.

Бояд гуфт, ки Ҳайати намояндагии  ХБА таҳти роҳбарии  Падамжа Ханделвал аз 12 то 23 майи соли 2018 ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ва таҳияи шарҳи иқтисодӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

 

Май 15, 2018 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид