Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Рӯзи оҳангарон” баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ “Ховар”/. Пагоҳ, 13 майи соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” Намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Рӯзи оҳангарон” баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, мақсад аз ташкил ва доир намудани чорабинии мазкур муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва баровардани маҳсулоти оҳангарӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар намоишгоҳи мазкур шаҳрвандон ва сайёҳон аз соати 10:00 то 18:00 имкони харидории маҳсули дасти оҳангарони кишварро доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






