Парвоз дар масири Душанбе – Истамбул ҳафтае се маротиба сурат мегирад

Май 15, 2018 11:29

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар доираи барномаи рушди хатсайрҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе афзоиш медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Дар ин росто аз 20 май «Сомон Эйр» хатсайри Душанбе-Истамбулро ҳафтае се маротиба — рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро менамояд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 5.30 ва парвоз аз Истамбул – 21.30 бо вақти маҳаллӣ мебошад.

Дар робита, моҳи апрел ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» намояндагии расмии худро дар шаҳри Истамбул таъсис дод. «Ин иқдом дар ҷараёни кори тӯлонӣ бо Туркия бобати даст кашидан аз ҳамкории фосилавӣ, аз байн бардоштани заруриятҳои гуногуни эҷодшаванда ва ҷоннок кардани раванди корӣ ба миён омад», — зикр менамояд Директори генералии ширкат Томас В. Ҳаллам II. Намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» манфиатҳои ширкат ва мусофиронро дар фурудгоҳ ҳимоя намуда, бо мақомоти ҳокимияти маҳалливу дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкил ва иҷрои парвозҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ҳамкории зич ба роҳ монда, ҳамзамон риояи меъёрҳову тартиботи муқаррарнамудаи ширкатро таъмин менамояд ва аз рӯи кори низоми фурӯши интиқолоти ҳавоӣ назорат мекунад. Алҳол «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, бо муваффақият парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Май 15, 2018 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд