Паул Донелли, коршиноси байналмилалӣ: «Дар Тоҷикистон ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, пирону маъюбон зери ғамхории роҳбарияти давлат қарор доранд»

Май 30, 2018 10:04

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар шаклҳои гуногун ва ба хизматрасонии иҷтимоӣ ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд, пиронсолону маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин нукта зимни ҷамъомаде, ки вобаста ба таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳо таҳти унвони «Вазифаҳо ва дурнамои таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳо» дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе доир гардид, зикр шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар ҷамъомади мазкур, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, намояндагони Вазорати мазкур, шарикони рушд, коршиносони байналмилалӣ, директорони муассисаҳои давлатии «Хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Турсунзода», «Хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Ёвон» ва «Хона-интернати бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» ва дигарон иштирок ва сухан карданд.

Зикр гардид, ки ислоҳот ва рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он ва дигар санадҳои амалкунандаи мамлакат бармеояд.

Коршиноси байналмилалии Лоиҳаи «Кумаки  техникии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди неруи инсонӣ (марҳилаи 2)» Паул Донелли зимни ҷамъомад иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, ба пирону маъюбон  таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, онҳо зери ғамхории роҳбарияти ин давлат қарор доранд.  «Далели ин гуфтаҳо он аст, ки моҳи марти соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд»,- гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки мақсади ҷамъомади мазкур аз муаррифии фаъолият дар самти таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ иборат буд.

 

Май 30, 2018 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд