«Пойгоҳи локомотивии Душанбе» соҳиби аввалин Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар майдони варзишии Роҳи оҳани шаҳри Душанбе даври ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд доир гардида, дар он дастаҳои ғолиб — КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) ва «Истгоҳи Исфара» байни ҳам рақобат намуданд.
Тавре раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар даври ниҳоӣ дастаи КВ «Пойгоҳи локомотивии Душанбе» (ТЧ-1) дастаи «Истгоҳи Исфара»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб карда, соҳиби аввалин Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд гардид.
Баъди ҷамъбаст гардидани мусобиқаи футболи хурд, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда буд, аз ҷониби Кумитаи тадорукот дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарини мусобиқа бо Ҷом, медалу диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 10 апрел оғоз гардида, тӯли як моҳ 11 гурӯҳ аз ҳисоби ҷавонони корхонаҳои тобеи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон байни ҳам рақобат карданд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






