Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем»

Май 12, 2018 11:41

ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳоло шаҳрвандони мамлакатамон ба шарофати Истиқлолият ва бо истифода аз муҳити сулҳу суботи комил ҳамаи фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд ва хуб медонанд, ки арзишҳои инсонпарваронаву сулҳхоҳонаи исломӣ ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо – тоҷикон мебошанд», — зикр намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бинобар ин, фарзандони бонангу номуси миллат ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёрамон ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоянд.

«Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем. Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем. Мо вазифадорем, ки мушкилоти кишварамонро худамон бо заҳмати дастҷамъона бартараф созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро пешрафтаву нерӯманд гардонем.  Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд. Яъне ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расонидани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани насли ояндасоз ва кадрҳои замонаи нав вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад», — тазаккур доданд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идома Президенти мамлакат чунин иброз доштанд: «Фаромӯш набояд кард, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад. Таъкид месозам, ки миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад. Дар ин кори хайр, ки ояндаи осудаву ободи Ватани маҳбубамон аз он вобаста аст, ҳар як фарди баору номуси миллат, зиёиён, падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, хулоса, кулли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд».

Дар робита Пешвои миллат таъкид намуданд, ки хусусан, Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва ҳамаи ходимони дин дар моҳи шарифи Рамазон ва моҳу рӯзҳои дигар низ ба мардум талқин намоянд, ки дар баробари пос доштани арзишҳои динӣ озодӣ ва сулҳу оромӣ неъмати бебаҳои зиндагист, муҳаббат ба Ватан шарти имондорист ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибдавлатӣ низ аз ҷумлаи воҷибот мебошад.

Май 12, 2018 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт