Президенти Тоҷикистон: «Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад»
ДУШАНБЕ, 12.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Сиёсӣ намудани дини мубини ислом ва ба номи он анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми мусулмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гӯшаи ором ҷони худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо аз даст медиҳанд». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз намуданд.
Сарвари давлат аз хатару паёмадҳои терроризму ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир сухан ронда, таъкид карданд, ки ин зуҳуроти номатлуб дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардид. Зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат ба ҳаводиси солҳои аввали истиқлолият, ки гурӯҳе аз бадхоҳони миллат бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон бо мақсади бунёди давлати исломӣ, кишварро ба вартаи нобудшавӣ расонида буданд, ишора карда, зикр намуданд: «Доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯйистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ кишвари моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда, чун нуқтаи ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон мегузоштанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Онҳо тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои навадумашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд».
Сарвари давлат аз сокинони кишвар даъват намуданд, ки дар чунин шароит зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша ҳушёр бошанд.
«Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо, манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад ва он бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд»,- таъкид карданд Пешвои миллат.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






