РӮЗИ ҶАВОНОН МУБОРАК! Мисли Пешвои миллат ба Ватан содиқона хизмат мекунем!
ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, маросими ҷоизасупории ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомад ба ғолибони озмуни иншои беҳтарин, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон эълон гардида буд, инчунин ба хатмкунандагони курси омӯзишии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» шаҳодатнома ва ҳамзамон барои беҳтарин варзишгарон унвонҳои дараҷаи варзишгарӣ тақдим гардид.
Зимни супоридани ҷоизаҳо А.Абдуллозода зикр кард, ки «мо умед дорем, ки дар оянда маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» беҳтарин чеҳраҳоро дар сиёсати идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор меорад. Пайравӣ аз Пешвои миллат масъулияти бениҳоят бузург аст ва аввалин шаҳодатномаи пайравони Пешвои миллат насиби Шумо — ҷавонони хуштолеъ мегардад. Мисли Пешвои миллат барои халқу Ватан хизмат карданро сармашқи кори худ қарор диҳед».
Дар навбати худ ҷавонон баромад намуда, миннатдории худро ба ташкилкунандагони курсӣ омӯзишии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллат барои рушди Ватан содиқона хизмат мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






