Раиси ноҳияи Тоҷикобод бо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мулоқот намуд

Май 25, 2018 16:15

ТОҶИКОБОД, 25.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи  Маҳмадисо бо донишҷӯёни  Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  доир ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез»  мулоқот   намуд.

«Шабакаҳои интернетӣ омиле мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ба сафҳои худ аъзои навро ҷалб намуда, ба амалҳои террористӣ ва экстремистӣ истифода мебаранд.  Ҳангоми истифодаи  интернет  ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳед, то фирефтаи найрангҳои чунин  гурӯҳҳо нагардед. Имрӯзҳо тариқи оинаи нилгун мебинем, ки дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму эстремизм ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст», — таъкид намуд Н. Маҳмадисо  ба донишҷӯён.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таҳсили хуб ва дуруст ба воя расонидани ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё  намудааст. Донишҷӯёнро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо хуб истифода намуда,  барои омӯхтани  касбу ҳунар талош варзанд.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрӣ  бо донишҷӯён  ҳамчунин роҳбарияти донишкада ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, дар масъалаи  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангию ҳуқуқии онҳо  ибрози андеша намуданд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳия дар донишкадаю донишгоҳҳои олии ҳудуди ҷумҳурӣ 605 нафар донишҷӯён аз ноҳияи дурдасти Тоҷикобод таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 173 нафарашонро  донишҷӯёни  Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  ташкил медиҳад.

 

 

Май 25, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад