Раиси вилояти Суғд ҷавононро ба омӯхтани дониш ва саҳмгузор будан дар пешбурди соҳаҳои гуногуни кишвар даъват намуд

Май 5, 2018 10:26

ХУҶАНД. 05.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ моҳи май баргузор мегардад, давоми чанд рӯз охир дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии миқёси вилоят баргузор гардида истодааст.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, чунин мулоқот бо намояндагони се донишгоҳ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид.

Қабл аз ғози мулоқот раиси вилоят аз намоиши дастовардҳои ташкилкардаи муассисаҳои олии вилоят, аз ҷумла китобҳои таълифнамудаи олимон, либосҳои миллии маҳсули дасти тарроҳон, мусаввараҳо, макети биноҳо, лоиҳаҳо ва ихтирооти барномасозон ва энергетикон шиносоӣ намуд.

Зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои миқёси вилоят раиси вилояти Суғд аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, баён дошт, ки маҳс бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ афзуда, ҳазорон нафар соҳибтахассус шудаанд. Дар ин радиф, саҳми донишгоҳҳои  дар миқёси вилояти Суғд амалкунанда низ дар самти омодасозии мутахасисон назаррас буда, имрӯз ҳар яки ин донишгоҳҳо чун махзани илму маърифат ба яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таълимӣ ва илмии мамлакат табдил ёфтаанд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ҳайати устодону профессорони донишгоҳҳоро зарур аст, ки доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯзгори ҷомеа, аз қабили тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, арзишҳои волои фарҳангӣ ва миллӣ, ташаббусҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар, ифтихори ватандорӣ, масъалаҳои тарбияи ҷавонон, масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.

Раиси вилоят хосатан аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароити созгор, имкониятҳои ақливу зеҳнӣ ва моддиву техникии ин боргоҳҳои маърифат самаранок истифода бурда, дар қатори устодони хеш дар пешбурди технологияи муосир, рушди бемайлони илм, идомаи анъанаҳои неку созанда, омӯзиши таҷрибаҳои ибратпазири кишварҳои мутараққӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Дар фарҷоми мулоқот чанде аз устодону донишҷӯён барои дастгириҳои ҳамешагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки дар оянда низ мекӯшанд дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатамон саҳмгузор бошанд.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин мулоқот бо намояндагони ду муассисаи олии дигари вилоят — Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон низ дар назар аст.

 

Май 5, 2018 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад