«РАССОМИ БЕҲТАРИН». Дар вилояти Хатлон байни кӯдакон озмун гузаронида мешавад

Май 17, 2018 09:42

БОХТАР, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  доираи  чорабиниҳо  бахшида  ба  Рӯзи байналмилалии кӯдакон — 1  июн  дар шаҳру  навоҳии  вилояти Хатлон чорабиниҳои гуногун  байни  наврасону  кӯдакон  гузаронида  мешавад. 

Тавре  ба  хабарнигори  минтақавии  АМИТ «Ховар» аз  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон  иттилоъ  доданд,  бо  мақсади  ба  тарзи хаёти солим  ҷалб намудани  кӯдакон  ва  дарёфти  истеъдодҳои  наврас дар  байни  хонандагони муассисаҳои томактабии  вилоят  аз  24  то 31 майи соли равон озмунҳои  «Рассоми  беҳтарин», «Дастони моҳир»  ва  «Ихтироъкори  беҳтарин» эълон карда  мешаванд.

 

Мақсад аз баргузории озмунҳои  мазкур  дастгирии  истеъдодҳои наврасон, аз ҷумла  кӯдакони  имконияташон  маҳдуд,  ташвиқу  тарғиби  тарзи ҳаёти солим ва бедор намудани ҳисси  ватандӯстию  ифтихори  миллӣ  дар  байни наврасон  мебошад.

Тибқи карори раиси вилояти Хатлон, барои ғолибон туҳфаҳои пулӣ ҷудо  карда  мешаванд.

Май 17, 2018 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд