Россия ба мақомоти гумруки Тоҷикистон воситаҳои нақлиёт тақдим намуд

Май 8, 2018 10:11

ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории гумрукӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳуруии  Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин иҷрои қарорҳои қабулгардидаи Протоколи мулоқоти миёни роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Россия аз соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин росто, дар доираи санади мазкур бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар марсоими тантанавӣ 4 адад воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ба Ҳукумати Федератсияи Россия барои  ироаи кумаки техникӣ миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук дар заминаи Академияи гумруки Россия барои таъмини захираҳои кадрии Хадамоти гумруки Тоҷикистон  ҳамкории самарабахш ба роҳ монда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли гузашта ва се моҳи соли равон кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон  дар амалиёти «СМАРТ КЭТ 2», «Буревестник», «ПЕГАС», «ИРЭН 2», «Internet Trade», «Офсайд», «Часовой-2017», «Гамма», «Лэзербэк», «Трасса», «Афина», «Фокс», «Космо2», «Гроза» ва «Голкипер» иштирок намудаанд.

Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳадяи Ҳукумати Россияро ба мақомоти гумруки Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки дар оянда ҳамкории анъанавӣ ва самарабахши Тоҷикистону Россия беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.

Май 8, 2018 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад