Румӣ Шоазимов бо «Хоби ҳамдуна» дар Форуми XXVII байналхалқии кино- «Золотой Витяз» иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 30.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 22 майи соли равон дар шаҳри Севастопол Форуми XXVII байналхалқии кино «Золотой Витяз» ҷараён дорад.
Дар форуми мазкур қариб 150 адад филмҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ аз 28 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар ин форум филми «Хоби ҳамдуна»-и коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов муаррифӣ мекунад.
Шоми 31 майи соли 2018 дар Театри русии академии драмавии ба номи А.В. Луначарский дар шаҳри Севастопол тантанаи пӯшидашавӣ ва супоридани дипломҳо ба ғолибони форум баргузор мегардад.
Филми «Хоби ҳамдуна» соли 2016 аз рӯи асари Уилям Ҷейкобс дар жанри нуар ба навор гирифта шудааст. Соли 2017 ба ҳунарпеша Баҳодур Миралибеков барои нақши асосӣ дар филми мазкур дар озмуни «Ак илбирс» (Қирғизистон) ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи Осиёи марказӣ» супорида шуда буд.
Инчунин ҳамон сол филми «Хоби ҳамдуна» дар кинофестивали «Адабиёт ва кино» («Литература и кино») дар Гатчина ду ҷоиза ба даст овард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






