«Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва пешомадҳо», — Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромад ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Ин нуктаро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён имрӯз, 1 май дар Конфронси байналмилалии «Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва пешомадҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, қабл аз оғози конфронс меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, бо мероси таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки дар конфронси мазкур, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, корпусҳои дипломатии муқими пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, дар конфронс зикр шуд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 идомаи мантиқии ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани зиндагии аҳолии мамлакат мебошад. Дар чор моҳи аввали соли равон дар доираи эълон гардидани ин сол аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, аз андоз озод намудани зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд, далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани Конфронси байналмилалии «Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва рушд» тарғиби мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат, ҳунарҳои қадима ва мардумии халқи тоҷик мебошад.












Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






