Сафари ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кобул

Май 9, 2018 23:54

ДУШАНБЕ, 09.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 7-9 майи соли ҷорӣ, сафари кории ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумита Ятимов С.С. ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  баргузор гардид.

Зимни сафар дар шаҳри Кобул вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо бо Раиси Сарраёсати амнияти миллии ҶИА Муҳаммад Маъсум Станикзай, Вазири мудофиаи ҶИА Баҳром Торуқшоҳ, Вазири корҳои дохилии ҶИА Аҳмад Вайс Бармак ва мушовири Президенти ҶИА оид ба масъалаҳои амниятӣ Муҳаммад  Ҳаниф Атмар доир шуданд.

Дар рафти мулоқотҳо масоили ҳамкориҳои хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти таъмини амнияти минтақа баррасӣ шуданд. Ширкаткунандагон оид ба  амалӣ сохтани тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар муқовимат бо терроризми байналмилалӣ, ошкор сохтани ҳадафҳои ташкилот ва ҳаракатҳои террористӣ, ҷустуҷӯ, муайянкунӣ ва боздошту истирдод намудани аъзои онҳо, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ намудани истифодаи сарҳади давлатӣ бо мақсадҳои душманона,  тахрибкоронаю террористӣ, ҳифзи боэътимоди сарҳад ба мувофиқа расиданд.

Ҳайати намояндагии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пазируфта шуд. Ҷонибҳо иродаю талоши хешро вобаста ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ таъйид намуда, мавқеи ягонаро дар масъалаҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир иброз доштанд.

 

Май 9, 2018 23:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад